Тамоми Китобхонаи Ислом

84 - The Sundering - Al-'Inshiqāq

:1

Чун осмон шикофта шавад

:2

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

:3

ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад

:4

ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад

:5

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

:6

Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.

:7

Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,

:8

ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд

:9

ва шодмон назди касонаш бозгардад.

:10

Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,

:11

ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».

:12

Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

:13

Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.

:14

Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.

:15

Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.

:16

Пас ба шафақ савганд мехӯрам

:17

ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад

:18

ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,

:19

ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.

:20

Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?

:21

Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).

:22

Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).

:23

Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.

:24

Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ

:25

ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.