Тамоми Китобхонаи Ислом

85 - The Mansions of the Stars - Al-Burūj

:1

Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост

:2

ва қасам ба рӯзи мавъуд

:3

ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд,

:4

ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд.

:5

Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо

:6

он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд

:7

ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд.

:8

Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,

:9

он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.

:10

Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.

:11

Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!

:12

Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.

:13

Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.

:14

Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст.

:15

Ӯст соҳиби арши бузург.

:16

Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.

:17

Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?

:18

Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,

:19

Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд;

:20

ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.

:21

Бале, ин Қуръони маҷид аст

:22

дар лавҳи маҳфуз!