Тамоми Китобхонаи Ислом

71 - Noah - Nūĥ

:1

Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.

:2

Гуфт: «Эй қавми ман, ман бимдиҳандае равшангарам,

:3

Худоро бипарастед ва аз Ӯ битарсед ва ба ман итоъат кунед,

:4

то гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, зеро он муддати худо вақте ояд, — агар бидонед, — дигар ба дер наяфтад».

:5

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман қавми худро шабу рӯз даъват кардам

:6

ва датъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд.

:7

Ва ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро бибахшоӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.

:8

Пас онҳоро ба овози баланд даъват кардам.

:9

Боз ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам.

:10

Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, ки Ӯ бахшоянда аст,

:11

то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад

:12

ва шуморо ба'молҳову фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад.

:13

Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед,

:14

ҳол он ки шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид.

:15

Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид?

:16

Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид.

:17

Ва Худо шуморо чун наботе аз замин бирӯёнид,

:18

Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад,

:19

Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд,

:20

то бар роҳҳои паҳновари он биравед».

:21

Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман набурданд ва ба касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд.

:22

Макр карданд — макре бузург.

:23

Ва гуфтанд: «Худоёнатонро тарк накунед:, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро* тарк накунед!»

:24

Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон наяфзой!»

:25

Ба ҷазои гуноҳонашон ғарк шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд.

:26

Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор,

:27

ки агар бигузорияшон, бандагонро гупроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд.

:28

Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро бибахшо ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»