Тамоми Китобхонаи Ислом

70 - The Ascending Stairways - Al-Ma`ārij

:1

Пурсандае аз азобе пурсид, ки

:2

бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард

:3

аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост.

:4

Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд.

:5

Пас сабр кун, сабре некӯ.

:6

Онҳо он рӯзро дур мебинанд

:7

ва мо наздикаш мебинем

:8

рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад

:9

ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ)

:10

ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад,

:11

якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба фарзандонаш

:12

ва занаш ва бародараш

:13

ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст

:14

ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад.

:15

Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст,

:16

пӯсти сарро меканад,

:17

ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад

:18

ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард.

:19

Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд.

:20

Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.

:21

Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад,

:22

магар намозгузорандагон:

:23

онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд

:24

ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян

:25

барои гадову маҳрум

:26

ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд

:27

ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд,

:28

ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд

:29

ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд,

:30

магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест.

:31

Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд.

:32

Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд

:33

ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд

:34

ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд,

:35

инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд.

:36

Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд?

:37

Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост.

:38

Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад?

:39

Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем.

:40

Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем,

:41

ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем.

:42

Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд,

:43

рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд

:44

ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода буданд!