Тамоми Китобхонаи Ислом

72 - The Jinn - Al-Jinn

:1

Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш андохтанду гуфтанд,- ки мо Қуръоне аҷиб шунидем.

:2

ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.

:3

Азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад, ва на фарзанде дорад.

:4

Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.

:5

Ва мо мепиндоштем, ки одамиву ҷин дар бораи Худо дурӯғ намегӯянд.

:6

Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.

:7

Ҳамчунон ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо ҳеҷ касро дубора зинда намесозад.

:8

Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (чароғ, оташак) ёфтем.

:9

Мо дар он ҷойҳо, ки метавон гӯш андохт, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун (ба) гӯш нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.

:10

Аз ин рӯй намедонем, ки оё барои касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, бадӣ тақдир мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад.

:11

Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.

:12

Мо медонем, ки Худоро дар замин нотавон намекунем ва бо гурехтан' низ нотавонаш насозем.

:13

Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм.

:14

Ва баъзе аз мо мусалмонанд ва баъзе аз ҳак, дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.

:15

Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».

:16

Ва агар бар тариқаи рост пойдорӣ кунанд аз обе фаровон ба онҳо менушонем,

:17

то онҳоро биёзмоем. Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе душвор меандозад,

:18

Ва масҷидҳо аз ояи Худост. Ва бо вуҷуди Худои якто касе дигарро ба худоӣ махонед.

:19

Чун бандаи Худо барои парастиши Ӯ бар пой истод, гирли ӯро гирифтанд.

:20

Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамро ибодат мекунам ва ҳеҷ касро шарики Ӯ намесозам».

:21

Бигӯ: «Ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам».

:22

Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам,

:23

он чӣ метавонам фақат расондани паёми Ӯ ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ аст. Ва ҳар кӣ Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, насиби ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,

:24

то он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас хоҳанд донист, чӣ касеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».

:25

Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне нисҳодааст?

:26

Ӯ донои ғайб аст ва ғайби худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,

:27

магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,

:28

то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад (бо илми худ) ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст».