Тамоми Китобхонаи Ислом

56 - The Inevitable - Al-Wāqi`ah

:1

Чун қиёмат воқеъ шавад,

:2

ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,

:3

гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.

:4

Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад

:5

ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд

:6

ва чун ғуборе пароканда гарданд,

:7

шумо се гурӯҳ бошед:

:8

яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?

:9

Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?

:10

Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).

:11

Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд)

:12

дар биҳиштҳои пурнеъмат.

:13

Гурӯҳе аз пешиниён

:14

ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд

:15

бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)

:16

рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.

:17

Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд

:18

бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист,

:19

аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд.

:20

Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд.

:21

Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд,

:22

Ва ҳурони дуруштчашм

:23

ҳамонанди марворидҳое дар садаф.

:24

Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд.

:25

Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд

:26

ҷуз як сухан: «Салом, салом!»

:27

Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?

:28

Дар зери дарахти сидри бехор

:29

ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда

:30

ва сояе доим

:31

ва обе ҷорӣ

:32

ва мевае бисёр,

:33

ки бепоён ва касро аз он бознадоранд.

:34

Ва фаршҳои баланд

:35

Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ

:36

ва душизагон сохтем.

:37

Маъшуқи ҳамсарони худанд,

:38

барои аҳли саъодат,

:39

гурӯҳе аз пешиниён

:40

ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд.

:41

Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд?

:42

Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд

:43

дар сояе аз дуди сиёҳ

:44

на сарду на хуш.

:45

"Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд.

:46

ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд

:47

ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд

:48

ё ниёгони моро?»

:49

Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд,

:50

ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд.

:51

Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда,

:52

аз дарахтони заққум хоҳед хурд

:53

ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард

:54

ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид,

:55

чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад.

:56

Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо.

:57

Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед?

:58

Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?

:59

Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?

:60

Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки

:61

ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.

:62

Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?

:63

Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?

:64

Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?

:65

Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед.

:66

Гӯянд: «Мо зиён кардагонем,

:67

мо бенасиб мондагонем».

:68

Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?

:69

Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем?.

:70

Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед?

:71

Оё он оташро, ки меафрузед дидаед?

:72

Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?

:73

Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем.

:74

Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй!

:75

Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон!

:76

Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург.

:77

Албатта ин Қуръонест гиромиқадр

:78

дар китобе макнун,

:79

ки ҷуз покон даст бар он назананд.

:80

Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

:81

Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед?

:82

Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед?

:83

Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад

:84

ва шумо дар ин ҳангом менигаред?

:85

Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.

:86

Агар қиёматро бовар надоред,

:87

агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад)

:88

Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад.

:89

барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат.

:90

Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад,

:91

пас туро аз аҳли саъодат салом аст.

:92

Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад,

:93

ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд

:94

ва ба дӯзахаш дароваранд.

:95

Ин сухан сухане росту яқин аст!

:96

Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй!