Тамоми Китобхонаи Ислом

55 - The Beneficent - Ar-Raĥmān

:1

Худои раҳмон

:2

Қуръонро таълим дод,

:3

инсонро биёфарид,

:4

ба ӯ гуфтан омӯхт.

:5

Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд.

:6

Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд.

:7

Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод,

:8

то дар тарозу таҷовуз накунед.

:9

Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед!

:10

Заминро барои мардум қарор дод.

:11

Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд.

:12

Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ.

:13

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:14

Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид,

:15

Ва ҷинро аз шӯълае бедуд.

:16

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:17

Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб.

:18

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:19

Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд,

:20

миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд.

:21

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед?

:22

Аз он ду марвориду марҷон берун меояд.

:23

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:24

Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд.

:25

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:26

Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист.

:27

Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад.

:28

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:29

Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест.

:30

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:31

Эй ҷинниёну одамиён, ба ҳисоби шумо хоҳем расид!

:32

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:33

Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате.

:34

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:35

Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ё дуде низ пас бо ӯ муқобала натавонед кард.

:36

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:37

Он гоҳ, ки осмон шикофта шавад, ранге сурх чун ранги чарм хоҳад дошт.

:38

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:39

Пас дар он рӯз аз гуноҳи ҳеҷ ҷинневу одамие напурсанд.

:40

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:41

Кофиронро ба нишони қиёфаашон мешиносанд ва аз мӯи ҷилави сар ва пойҳояшон мегиранд.

:42

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:43

Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дурӯғаш мепиндоштанд.

:44

Ва акнун дар миёни он ва оби ҷӯшон, мегарданд.

:45

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:46

Ҳ, ар касро, ки аз истодан ба пешгоҳи Парвардигораш тарсида бошад, ду биҳишт аст.

:47

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:48

Он ду пур аз дарахтонанд.

:49

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:50

Дар он ду, ду чашма ҷорист.

:51

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:52

Дар он ҷо аз ҳар гуна мевае ду қисм аст.

:53

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:54

Бар бистарҳое, ки астарашон аз истабрақ аст, такя задаанд ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошад.

:55

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:56

Дар он ҷост заноне, ки ҷуз ба шавҳари худ нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба ояҳо даст назадааст.

:57

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:58

Гӯй, ки он ҳурон монанди ёқуту марҷонанд.

:59

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморад?

:60

Мукофоти некӣ некисту бас.

:61

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:62

Ва ғайри онҳо ду биҳишти дигар аст.

:63

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:64

Аз шиддати сабзӣ моил ба сиёҳианд.

:65

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед,?

:66

Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст.

:67

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:68

Дар он ду мева ҳаст ва дарахти хурмо ҳасту анор ҳаст.

:69

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:70

Дар он ҷо занонест нексирату зеборӯй.

:71

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигаратонро дурӯғ мешуморед?

:72

Ҳуроне нигаҳдошташуда дар хаймаҳо.

:73

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:74

Пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамеву ҷинне ба онҳо даст назадааст.

:75

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:76

Бар болишҳои сабзу фаршҳои, некӯ такя мезананд.

:77

Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?

:78

Бузург аст номи Парвардигори ту — он соҳиби бузургиву икром!