Тамоми Китобхонаи Ислом

51 - The Winnowing Winds - Adh-Dhāriyāt

:1

Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд,

:2

савганд, ба абрҳои гаронбор,

:3

савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд

:4

ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд,

:5

ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст

:6

ва рӯзи ҷазо омаданист.

:7

Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст,

:8

ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!

:9

Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.

:10

Марг бод бар он дурӯғгӯён,

:11

онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд.

:12

Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»

:13

Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.

:14

«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»

:15

Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд,

:16

Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд,

:17

андаке аз шабро мехобиданд

:18

ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд

:19

ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд.

:20

Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест

:21

ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?

:22

Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.

:23

Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст.

:24

Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?

:25

Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!»

:26

Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.

:27

Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»

:28

Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд.

:29

Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям».

:30

Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!»

:31

Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»

:32

Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,

:33

то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем,

:34

ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд».

:35

Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.

:36

Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем.

:37

Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.

:38

Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем.

:39

Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»

:40

Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд.

:41

Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем.

:42

Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт.

:43

Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед».

:44

Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.

:45

Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд.

:46

Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд.

:47

Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.

:48

Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем!

:49

Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред.

:50

Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.

:51

Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.

:52

Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!»

:53

Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд.

:54

Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард.

:55

Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад.

:56

Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам.

:57

Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд).

:58

Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор!

:59

Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!

:60

Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!