Тамоми Китобхонаи Ислом

50 - The Letter "Qaf" - Qāf

:1

Қоф. Қасам ба ин Қуръони арҷманд!

:2

Ки дар тааҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае сӯяшон омад, ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст.

:3

Оё замоне, ки мурдему хок шудем, дигар бор зинда мешавем? Ин бозгаште мухол (номумкин) аст!»

:4

Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз (ҷасадҳои) онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда, назди Мост.

:5

Оре, онҳо сухани ростеро, ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас дар коре шӯрида афтоданд.

:6

Оё ба ин осмон бар болои сарашон назар намекунашд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест?

:7

Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем.

:8

Бинише ва пандест барои ҳар бандае, ки ба Худо бозгардад.

:9

Ва аз осмои обе пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем

:10

ва нахлҳои баланд бо хушаҳои барҳам чида,

:11

то ризқи баидагон бошад ва бо он об сарзамини мурдаро зинда кардем. Баромадан аз гӯр низ чунин аст.

:12

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд

:13

ва қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут

:14

ва асҳоби Айка ва қавми Туббаъ ҳама паёмбаронро дурӯғ шумурданд ва сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд.

:15

Оё аз офариниши нахустин оҷиз шуда будем? На онҳо дар офариниши тоза дар шакканд.

:16

Мо одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем.

:17

Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд.

:18

Ҳар каломе ки мегӯяд, албатта дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.

:19

Ба ростӣ, ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ.

:20

Ва дар сур дамида мешавад, Ин аст, рӯзи ваъдаҳои азоб!

:21

Ҳар касе меояд ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояш шоҳидӣ медиҳад.

:22

Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст.

:23

Фариштаи (муваккали) ӯ гӯяд: «Ин аст он чӣ ман омода кардаам».

:24

Ҳар ношукри саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед:

:25

он ки аз бахшиш бахилӣ кард ва таҷовузкор буд ва шак меовард,

:26

он ки бо Худои як то худои дигаре қарор дод. Пас ба азоби сахташ бипартоед!

:27

Ҳамнишини ӯ гӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ, сахт дар гумроҳӣ буд».

:28

Мегӯяд: «Назди Ман муҷодала накунед. Ман пеш аз ин бо шумо сухан аз азоб гуфта будам.

:29

Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва Ман ба бандагон зулм намекунам».

:30

Рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Мегӯяд: «Оё ҳеҷ зиёдатӣ ҳаст?»

:31

Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд, то аз он дур набошанд.

:32

Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунащдаи парҳезгоре ваъдааш дода буданд.

:33

Онҳоеро, ки дар ниҳон аз Худои раҳмон метарсанд ва бо диле тавбакор омадаанд.

:34

Гӯянд: «Дар амон аз ҳар азобе ба биҳишт дохил шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».

:35

Дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва бештар аз он назди Мо ҳаст.

:36

Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро, ки боқувваттар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардаем. Оё роҳи гурезе ҳаст?

:37

Дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш меандозанд, андарзест (пандест).

:38

Мо осмонҳову замин, ва он чиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ба Мо нарасид.

:39

Дар баробари он чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фаромадани он тасбеҳ гӯй.

:40

Ва низ дар порае аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй.

:41

Ва он гоҳ ки мунодӣ (нидокунанда, Исрофил) аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор.

:42

Рӯзе, ки он овози сахтро ба ҳақ мешунаванд, он рӯз рӯзи берун шудан аз гӯр аст.

:43

Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт назди Мост.

:44

Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин ҷамъоварӣ барои Мо осон аст.

:45

Мо ба он чӣ мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо зӯр намегӯӣ. Пас ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ!