Тамоми Китобхонаи Ислом

99 - The Earthquake - Az-Zalzalah

:1

Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш

:2

ва замин борҳои сангинашро берун резад

:3

ва одамӣ бигӯяд, ки заминро чӣ расидааст?

:4

Дар ин рӯз замин хабарҳои худро ҳикоят меку над,

:5

аз он чӣ Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.

:6

Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд.

:7

Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад

:8

ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад,