Тамоми Китобхонаи Ислом

92 - The Night - Al-Layl

:1

Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад

:2

ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад

:3

ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,

:4

ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.

:5

Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард

:6

ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),

:7

пас барои биҳишт омодааш мекунем.

:8

Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард.

:9

ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард),

:10

ӯро барои дӯзах омода месозем.

:11

Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.

:12

Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист.

:13

Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон.

:14

Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,

:15

ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад,

:16

он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд.

:17

Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд,

:18

он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.

:19

Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад,

:20

Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.

:21

Ва ба зудӣ хушнуд шавад.