Тамоми Китобхонаи Ислом

89 - The Dawn - Al-Fajr

:1

Савганд ба сапедаи субҳ

:2

ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа)

:3

ва савганд ба ҷуфту тоқ

:4

ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.

:5

Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?

:6

Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?

:7

Бо Ирам, ки сутунҳо дошт?

:8

Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.

:9

Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.

:10

Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо,

:11

онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд

:12

ва дар онҳо бисёр фасод карданд.

:13

Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.

:14

Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст.

:15

Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».

:16

Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».

:17

На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред

:18

ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед

:19

ва меросро ҳарисона мехӯред

:20

ва молро фаровон дӯст доред.

:21

Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад

:22

ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд

:23

ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?

:24

Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам».

:25

Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад

:26

ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад.

:27

Эй рӯҳи оромишёфта,

:28

хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард

:29

ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав

:30

ва ба биҳишти Ман дарой!