Тамоми Китобхонаи Ислом

78 - The Tidings - An-Naba

:1

Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд?

:2

Аз он хабари бузург, (қиёмат).

:3

ки дар он ихтилоф мекунанд.

:4

Оре, ба зудӣ хоҳад донист.

:5

Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист!

:6

Оё Мо заминрро бистаре насохтем?

:7

Ва кӯҳҳоро мехҳое?

:8

Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.

:9

Ва хобатонро оссишатон гардонидем.

:10

Ва шабро пӯшишатон қарор додем.

:11

Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб).

:12

Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.

:13

Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб).

:14

Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,

:15

то бо он донаву набот бирӯёнем

:16

ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт).

:17

Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян.

:18

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед.

:19

Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.

:20

Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.

:21

Ҷаҳаннам дар интизор бошад.

:22

Саркашонро бозгаштангоҳест.

:23

Замоне дароз дар он ҷо бошанд.

:24

На хунукӣ чашанду на об,

:25

фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд).

:26

Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.

:27

Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.

:28

Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.

:29

Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем.

:30

Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд!

:31

Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб,

:32

бӯстонҳову токистонҳо

:33

ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада

:34

ва ҷомҳои пур.

:35

На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ

:36

ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат—

:37

Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад,

:38

рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд.

:39

Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад.

:40

Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»