Тамоми Китобхонаи Ислом

75 - The Resurrection - Al-Qiyāmah

:1

Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат

:2

ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!

:3

Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?

:4

Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.

:5

Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.

:6

Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

:7

Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад

:8

ва моҳ тира шавад

:9

ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд.

:10

Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

:11

Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!

:12

Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!

:13

Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд.

:14

Балки одамӣ худро нек мешиносад,

:15

ҳарчанд ба забон узрҳо оварад.

:16

Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон,

:17

ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,

:18

Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,

:19

Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.

:20

Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред

:21

ва охиратро тарк мекунед.

:22

Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон,

:23

ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд

:24

ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш,

:25

ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.

:26

Оре, чун ҷон ба гулӯ расад

:27

ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?

:28

Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида

:29

ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,

:30

он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.

:31

На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.

:32

Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст.

:33

Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст.

:34

Вой бар ту, пас вой бар ту!

:35

Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!

:36

Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд?

:37

Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст?

:38

Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.

:39

Ва онҳоро ду синф кард: нару мода.

:40

Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?