Тамоми Китобхонаи Ислом

44 - The Smoke - Ad-Dukhān

:1

Ҳо, мим.

:2

Савганд ба ин китоби равшангар!

:3

Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем.

:4

Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,

:5

фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем.

:6

Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно.

:7

Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед.

:8

Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост.

:9

На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд!

:10

Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад.

:11

Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар.

:12

«Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем».

:13

Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд,

:14

аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»

:15

Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед.

:16

Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем!

:17

Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад,

:18

«ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам.

:19

Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам.

:20

Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам,

:21

ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред».

:22

Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд).

:23

Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд.

:24

Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд.

:25

Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд

:26

ва киштзорҳову хонаҳои некӯ

:27

ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.

:28

Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем.

:29

На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.

:30

Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем.

:31

аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда

:32

ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем.

:33

Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.

:34

Албатта инҳо мегӯянд:

:35

«Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.

:36

Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».

:37

Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд.

:38

Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.

:39

Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд.

:40

Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст.

:41

Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,

:42

ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон.

:43

Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум

:44

таъоми гуноҳкорон аст.

:45

Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад.

:46

Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон.

:47

Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед

:48

ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.

:49

Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ!

:50

Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.

:51

Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,

:52

дар боғҳову чашмасорҳо

:53

либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд.

:54

Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем.

:55

Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.

:56

Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.

:57

Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!

:58

Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд!

:59

Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд.