Тамоми Китобхонаи Ислом

36 - Ya Sin - Yā-Sīn

:1

Ё, син.

:2

Савганд ба Қуръони ҳикматомез,

:3

ки ту аз паёмбарон ҳастӣ,

:4

бар роҳе рост.

:5

Қуръон аз ҷониби он ғолиби меҳрубон нозил шуда,

:6

то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд.

:7

Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд.

:8

Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд,

:9

Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, то натавонанд дид.

:10

Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд.

:11

Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ!

:12

Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем.

:13

Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд.

:14

Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».

:15

Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».

:16

Гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.

:17

Ва бар ӯҳдаи мо ғайри паём расонидани ошкоро ҳеҷ чизи дигар нест».

:18

Гуфтанд: Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».

:19

Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд чунин мегӯед? На, мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»

:20

Марде аз дурдасти шаҳр давон-давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!

:21

Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ кунед!

:22

Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?

:23

Оё ғайри Ӯ худоёяеро ихтиёр кунам, ки агар Худои раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро халосӣ набахшанд?

:24

Ва дар ин ҳолат ман дар гумроҳии ошкор бошам.

:25

Ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед».

:26

Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,

:27

ки Парвардигори ман маро бибахшоид ва дар гурӯҳи гиромишудагон даровард».

:28

Ва аз он пас бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо фурӯфиристанда набудем.

:29

Як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой сард шуданд.

:30

Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, ки масхарааш накарда бошанд.

:31

Оё надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар ба наздашон бознамегарданд.

:32

Ва касе немопад, ки назди Мо ҳозираш наоранд.

:33

Нишонаи ибратест бар онҳо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он мехӯранд, берун овардем.

:34

Ва дар он боғҳое аз дарахтони хурмову токҳо падид овардем ва чашмаҳои равон сохтем,

:35

то аз меваҳои он ва дастранҷи худ бихӯранд. Чаро шукр намегӯянд?

:36

Пок аст он Худое, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, чӣ аз он чӣ замин мерӯёнад ва чӣ аз худашон ва чӣ он чизҳое, ки намешиносанд.

:37

Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рӯзро аз он бармекашем ва ҳама дар торикӣ фурӯ мераванд.

:38

Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи худ равон аст. Ин фармони Худои пирӯзманду доност.

:39

Ва барои моҳ манзилҳое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад.

:40

Офтобро сазовортар нест, ки ба моҳ расад ва шабро сазовор нест, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд.

:41

Ибрате дигар барои онҳо, ки падаронашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем.

:42

Ва барояшон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.

:43

Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарк, месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва халосӣ наёбанд,

:44

ғайри раҳмати Мо ва бархурдорӣ то ҳангоми марг.

:45

Ва он гоҳ ки ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ дар пеши рӯй доред ё пушти сар мегузоред, битарсед, шояд бар шумо раҳмат оранд, рӯй бигардонанд.

:46

Ва кадом ояте аз оёти Парвардигорашон бар онҳо нозил шавад, албатта аз он рӯй гардонанд.

:47

Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гуянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо дар гумроҳии ошкор ҳастед».

:48

Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»

:49

Инҳо интизори як бонги сахтро мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми хусумат ҳастанд, фурӯ гирадашон,

:50

ончунон ки тавони васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони худ бозгарданд.

:51

Ва дар сур дамида шавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.

:52

Мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳҳоямон бархезонд? Ин ҳамон ваъдаи Худои раҳмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»

:53

Фақат як бонги сахт хоҳад буд, ки ҳама назди Мо ҳозир меоянд.

:54

Он рӯз ба кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, кн кардаед, мукофот намебинед.

:55

Биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.

:56

Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо бар тахтҳо такя задаанд.

:57

Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.

:58

Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст.

:59

Эй гуноҳкорон, имрӯз ҷудо шавед (аз мӯъминон)!

:60

Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро душмани ошкори шумост?

:61

Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.

:62

Бисёре аз шуморо гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед?

:63

Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд.

:64

Ба ҷазои куфратон инак дар он дохил шавед!»

:65

Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем. Ва дастҳояшон бо Мо сухан хоҳанд гуфт ва поҳояшон шоҳидӣ хоҳанд дод, ки чӣ мекардаанд.

:66

Агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем. Пас шитобон оҳанги роҳ кунанд. Аммо куҷоро тавонанд дид?

:67

Ва агар бихоҳем,, онҳоро бар ҷояшон масх (тағйир) кунем, ки на тавони он дошта бошанд, ки ба пеш қадам бардоранд ва на бозпас гарданд.

:68

Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро ақл намекунанд?

:69

Ба ӯ шеър наёмӯхтаем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он чӣ ба ӯ омухтаем, панду Қуръоне равшангар аст,

:70

то мӯъминонро бим диҳад ва сухани ҳақ бар азоби кофирон воҷиб шавад.

:71

Оё надидаанд, ки ба яди (дасти) қудрати худ бар онҳо чорпоёнро офаридем ва акнун моликашон ҳастанд?

:72

Ва онҳоро ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд ва аз гӯшти баъзе мехӯранд.

:73

Ва онҳоро дар онҷо фоидаҳост ва ошомиданиҳо. Чаро шукр намегӯянд?

:74

Ва ба ҷои Оллоҳ худоёне ихтиёр карданд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд.

:75

Онҳоро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инҳо (кофирон) монанди лашкаре ба хидмати онҳо омодаанд.

:76

Суханашон туро андӯҳгин насозад. Мо ҳар чиро пинҳон медоранд, ё ошкор месозанд, медонем.

:77

Оё одами, ки акнун хасме ошкор аст, намедонад, ки ӯро аз нутфае офаридаем?

:78

Дар ҳоле, ки офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пусидаро зинда мекунад?

:79

Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки аввалин бор офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.

:80

Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед».

:81

Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монандашонро биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандае доност!

:82

Чун бихоҳад чизеро биёфаринад, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад.

:83

Пок аст он Худое, ки малакути (қудрати) ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед!