Тамоми Китобхонаи Ислом

102 - The Rivalry in world increase - At-Takāthur

:1

Ба ғафлат кашид шуморо фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд,

:2

то ба гӯрҳо расидед.

:3

Ҳаққо, ки ба зудӣ хоҳед донист.

:4

Боз ҳам ҳаққо, ки ба зудӣ хоҳед донист.

:5

Ҳаққо агар аз рӯи яқин бидонед,

:6

албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид.

:7

Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид,

:8

сипас дар он рӯз шуморо аз неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд.